21 giugno 2026 - 11:50
Source: ABNA24
Реҷими сиёнистӣ ҳалокати сарбозони худро тасдиқ кард

Сӯхангӯи артиши реҷими сиёнистӣ эълом дошт, ки як сарбози бригадаи зиреҳпӯши 401 ва сарбози дигаре аз ягонаи интихобии Мағлан дар набард бо муборизони Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ҳалокат расидаанд .

Тибқи хабаргузории «Абна» ба нақл аз Маркази иттилоотии Фаластин, сӯхангӯи артиши ишғолгарони Қудс эълом дошт, ки як сарбози бригадаи зиреҳпӯши 401 ва сарбози дигаре аз ягонаи интихобии Мағлан дар даргириҳои ҷануби Лубнон кушта шудаанд .

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои реҷими сиёнистӣ дирӯз низ аз кушта ва маҷрӯҳ шудани шуморе аз сарбозони ин реҷим дар набард бо муборизони Ҳизбуллоҳи Лубнон хабар дода буданд .

Ин манобеъ дирӯз аз кушта шудани як сарбози артиши реҷими сиёнистӣ ва маҷрӯҳ шудани 11 нафари дигар дар як рӯйдоди амниятӣ дар ҷануби Лубнон хабар доданд .

Your Comment

You are replying to: .
captcha